Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 млн $ кӯмаки як бонки аврупоӣ барои бахши коммуналии Қӯрғонтеппа


Бонки Аврупоии Таҷдид ва Бозсозӣ барои рафъи мушкилоти марбут ба партовгоҳҳои маишӣ дар ҷануби Тоҷикистон, ҳудуди 5 миллион доллар тахсис медиҳад. Масъулони дафтари матбуоти вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 10-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ зимни тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки "Бонки Аврупоии Таҷдиду Бозсозӣ ин маблағро дар чорчӯби лоиҳаи марбут ба мудирияти системаи партовгоҳҳои маишӣ дар шаҳри Қурғонтеппа ҷудо мекунад, ки бештар мушкилоти ин соҳаро дар ин шаҳри Тоҷикистон ҳал хоҳад кард."

Ин манбаъ меафзояд, ки қарор аст ин лоиҳа то соли 2016 амалӣ шавад ва аз ин тариқ сатҳу сифати зиндагии 75 ҳазор аз сокинони маркази вилояти Хатлон беҳбуд ёбад. Дар чорчӯби иҷрои ин лоиҳа, нуқтаҳои асосии партовгоҳҳо бозсозӣ шуда ва хадамот барои берун кардани партовгоҳҳои сокинон таҷдид мешавад. Дар ин росто таҷҳизоти вижаи поксозӣ ва коркарди партовгоҳҳо сафарбар хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки гуфта мешавад, дар бештари гӯшаву канори шаҳри Қӯрғонтеппа партовгоҳои ғайриқонунӣ меафзояд ва ин раванд паёмади номатлуб барои сиҳатии мардум хоҳад дошт. Иҷрои ин лоиҳа бар дӯши "хадамоти коммуналии шаҳри Қӯрғонтеппа вогузор шудааст. Зимнан, Бонки аврупоии таҷдид ва бозсозӣ ба Тоҷикистон то кунун дар чорчӯби ин лоиҳа, яъне таҷдид партовгоҳҳои маишӣ беш аз 100 миллион доллар ихтисос додааст. Аммо кӯмакҳои молии ин бонк ба Тоҷикистон дар муддати чанд соли ахир ба ҳудуди 400 миллион доллар дар бахшҳои мухталифи ин кишвар мерасад.
XS
SM
MD
LG