Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ромодановский ба ҷои виза то соли 2015 маркаро пешниҳод кард


Константин Ромодановский
Константин Ромодановский
Константин Ромодановский-раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия изҳор дошт, ки дар ояндаи наздик бо кишварҳои ҳамсуд ё СНГ муқаррароти раводид ё визо ҷорӣ нахоҳад шуд, вале шаҳрвандоне, ки аз ин кишварҳо ба қаламрави Русия ворид мешаванд, бояд дар шиносномаҳояшон маркаи махсус часпонанд. Вале вай изҳор доштааст, ки чунин марка ҳам виза ҳисоб мешавад.

Ба гуфтаи Константин Ромодановский, шиносномаҳои хориҷӣ бо ин кишварҳо танҳо аз 1 январи соли 2015 ҷорӣ мешавад. Вале то он вақт ҳар шаҳрванди кишвари ҳамсуд, ки барои бештар аз 90 рӯз ба Русия меояд, ин маркаро дар шиносномаи худ мечаспонад.

Ин маркаҳо ё стикерҳо ду навъ хоҳанд буд. Як навъи он ба соҳиби шиноснома ҳақ медиҳад, ки дар қаламрави Русия кор кунад, вале навъи дигари он чунин ҳақ намедиҳад.
XS
SM
MD
LG