Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи "Гулу гиёҳ" дар Душанбе


Имрӯз, чоршанбеи 3 июл, дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи "Гулу гиёҳ" ифтитоҳ шудааст, ки қарор аст, то поёни ҳафтаи ҷорӣ идома кунад. Ин ҷашнвора ба ибтикори Муассисаи давлатии илмии "Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон", Боғи миллӣ" ва ширкати гулкадаи "Ситораи беназир" -и Эрон сурат гирфтааст, ки ҳадаф аз он рушди соҳаи гулу гиёҳпарварӣ ва зебоиофарӣ унвон шудааст. Масъулони "Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон" мегӯянд, ин ҷашнвора то рӯзи шанбеи 6-уми июл ҷараён мегирад ва дар чорчӯби он як идда иқдомот, аз ҷумла коргоҳи омӯзиши кӯдакону наврасон, коргоҳҳои тахассусии хоҷагиҳои деҳқонӣ, коргоҳи омӯзиши гулу гиёҳ ва намоишҳои умумӣ сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG