Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Озарбойҷон мухолифон номзади ягона пешбарӣ мекунанд


Рустам Иброҳимбеков
Рустам Иброҳимбеков
Гуруҳҳои сиёсии мухолифони Озарбойҷон бо ҳам муттаҳид шуданд, то дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи октябр номзади ягонаи худро пешбарӣ кунанд.

Дар ҳамоиши рӯзи сешанбеи худ Шӯрои миллии нируҳои демократӣ Рустам Иброҳимбеков-намоишноманависи машҳурро намояндаи мухолифон дар ин интихобот муаррифӣ намуданд.

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин Ёддоште ба тасвиб расид ва дар он “ҳадафҳои давраи гузор” оварда шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки агар намояндаи мухолифон раиси ҷумҳур интихоб шавад, вай ду сол дар ин мақом кор хоҳад кард.

Дар ин муддат мухолифон “ҳукумати боварии миллӣ” ташкил хоҳанд кард ва дар Қонуни Асосӣ ва дар қонунҳои интихобот ислоҳот ворид мешавад. Дар назар аст, ки тибқи чунин ислоҳот салоҳиятҳои раиси ҷумҳуриро коҳиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG