Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Обама ба Африқо аз Сенегал шурӯъ мешавад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, сафари худ ба қораи Африқоро рӯзи панҷшанбе аз музокирот бо раҳбарони Сенегал шурӯъ мекунад. Дар ҷараёни сафари якҳафтаина, ки дар он Обамаро аҳли хонаводааш ҳамроҳӣ мекунанд, ӯ ҳамчунин аз Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ ва Танзания дидан хоҳад кард.

Қарор аст раҳбари Амрико дар Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ аз ҷазираи Роббенэйланд дидан кунад, ки он ҷо барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, раисиҷумҳури пешини Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ Нелсон Мандела 27 сол дар зиндон буд.

Вазъи сиҳати Мандела, ки аввалҳои моҳ бо маризии шуш дар бемористон бистарӣ шуд, вахим боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG