Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуввияти сайёҳони кушташударо ошкор карданд


Мақомоти Покистон ҳуввияти даҳ нафареро, ки бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба қароргоҳи кӯҳнавардон дар шимоли кишвар кушта шуданд, эълон кард. Дар ин ҳодиса се сайёҳ аз Украина, ду сайёҳ аз Чин, ду сайёҳ аз Словакия ва ҳамчунин шаҳрвандони Амрико, Литва ва Непал ҷон бохтаанд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи «Ҷундулллоҳ”, ки бо толибон пайванд дорад, бар ӯҳда гирифт. Аъзои гурӯҳ изҳор намуданд, ки ин ҳамла интиқом барои зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ ба мавқеъҳои толибон ва аъзои “Ал-Қоида” аст.

Ҳамла ба қароргоҳи байнулмилалии кӯҳнавардон шаби 23 июн дар мавзеи Гилгит-Балтистон сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG