Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Пешовар яке аз раҳбарони полис кушта шуд


Афроди мусаллаҳи савори мотосикл Амонуллоҳ Хон, раҳбари бахши нақлиёти полиси вилояти Хайбар-Пахтунхва ва ронандаи ӯро ҳадафи тир қарор доданд. Ба гуфтаи масъулини полис, ин сӯиқасд рӯзи душанбе дар шаҳри Пешовар, маркази вилоят, ба вуқӯъ пайваст.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст, аммо мақомоти Покистон ангушти иттиҳом сӯи чирикиҳое кардаанд, ки алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ меҷанганд.

Рӯзи 19 июн бар асари афроди мусаллаҳ ба корвони низомии артиши Покистон дар наздикиҳои шаҳри Пешовар панҷ сарбоз кушта шуданд. Ба иттилои Радиои Машъал - бахши покистонии Радиои Озодӣ, ин ҳамла дар канори Матанӣ, як деҳаи воқеъ дар роҳи миёни Пешовар ва манотиқи қабоилнишин, сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG