Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як додгоҳи Маскав ба боздошти Динора Билолова иҷоза дод


Додгоҳи Хамовничийи шаҳри Маскав барои боздошти Динора Билолова-раиси пешини ширкати “Мир” иҷоза дод. Вай дар чаҳорчӯбаи расидагӣ ба парвандаи "Оборонсервис" дастгир шуда буд.

Бино ба маводи гирдовардаи ҷониби таҳқиқот, Билолова барои фиреб гунаҳгор дониста мешавад. Моҳи феврали соли 2012 вай барои хадамоти ширкат пул гирифтааст ва ин пулҳоро бо ҳамдастони худ тақсим кардаанд.

Моҳи октябри соли 2012 хабари дуздии моликияти ширкати "Оборонсервис" эълон шуд. Ин ширкат зери назорати вазорати дифои Русия фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG