Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ҷаласаи Бунёди пуштибонӣ аз соҳибкорон


Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи Шӯрои нозирони Бунёди пуштибонӣ аз соҳибкоронро баргузор кард. Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ рӯзи 20 июн ба Озодӣ гуфт, дар ин ҷаласа ҳадафҳои аслии сандуқи нав баррасӣ шуд. Пешниҳоди қарзҳои хурду миёна бо фоизҳои муносиб, таъмини рақобатпазирии низоми қарздиҳии бонкӣ аз аҳдофи асосии ин Бунёд ба шумор меравад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ мегӯяд, барои фаъол кардани ин Бунёд аз буҷаи имсола 5 миллион сомонӣ, ва аз дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ 28 миллион сомонӣ ҷудо шуда, дар назар аст, соли оянда сармояи ин сандуқ ба 100 миллион сомонӣ расонида шавад.
Шўрои нозирони Бунёди пуштибонӣ аз соҳибкорон аз 7 узв иборат аст, ки асосан муовинони вазирони адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, хадамоти зиддиинҳисорӣ, муовини раиси «Амонатбонк» ва раиси Анҷумани бонкдорони Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Бунёди пуштибонӣ аз соҳибкорон 5-уми феврали соли равон дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ таъсис дода шуд.
XS
SM
MD
LG