Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар оғози боздид аз Белфаст бо донишҷӯён мулоқот кард


Обама дар Белфаст
Обама дар Белфаст
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар оғози мулоқоти дурӯзаи раҳбарони кишварҳои Ҷӣ 8 вориди Ирландияи Шимолӣ шуд. Обама баъд аз вуруд ба таври мухтасар дар Белфаст бо донишҷӯёни як донишгоҳ мулоқот кард ва аз онҳо хост, ки ба таври ҷиддӣ аз равандҳои сулҳ дар он ҷо ҳимоят кунанд. Кохи Сафед мегӯяд, зоҳиран вазъи Сурия яке аз масъалаҳои аслии дастури рӯзи мулоқот Ҷӣ 8 ба шумор меравад.

Интизор меравад, ки дар ҳошияи ин мулоқот Владимир Путин ва Барак Обама-руасои ҷамоҳири Русияву Амрико низ бо ҳам дидор ва гуфтугӯ кунанд. Ҳафтаи гузашта Амрико эълон кард, ки шӯришиёни Сурияро мусаллаҳ мекунад, зеро иддао мешавад, ки режими Башор Асад аз аслиҳаи кимёӣ истифода кардааст.

Рӯзи якшанбе Путин аз тасмими ҳукумати худ дар бораи мусаллаҳ сохтани нируҳои Асад дифоъ кард ва гуфт, ки Русия тавофуқоти байналмиллалиро нақз накардааст.
XS
SM
MD
LG