Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, дар як раҳпаймоии азими тарафдоронаш дар шаҳри Истанбул суханронӣ кард ва дар ҷойи дигар маъмурони пулис дигарбора ба тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ дарафтоданд. Даҳҳо ҳазор нафар аз тарафдорони Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар майдоне дар Истанбул ва 10 километр дуртар аз Майдони Тақсим ҷамъ омаданд, ки ба маҳалли аслии тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ табдил шудааст. Рӯзи якшанбе пулиси зиддиюриши Туркия дар шаҳрҳои Анкара ва Истанбул ба хотири монеъ шудан ба гирдиҳамоии тазоҳургарон алайҳи онҳо аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода бурд. Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ ду ҳафта пеш алайҳи тарҳи бозсозии Парки Ғозӣ шурӯъ шуд, вале баъдан ба тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ ва нооромиҳое печид, ки Ҳизби Адолат ва Тавсиаи Раҷаб Тайиб Эрдуғон тайи даҳ соли ҳукуматаш шоҳид нашуда буд.