Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тифлис 10 корманди зиндонро барои шиканҷа ҳабс карданд


Додгоҳи Тифлис даҳ нафар кормандони пешини зиндони Глданро барои шиканҷаи зиндониён маҳкум ба зиндон кард. Онҳо аз шаш моҳ то ба якуним сол равонаи зиндон шудаанд.

Владимир Бедукадзе-корманди пешини ин зиндон, ки саҳнаҳои моҷаробарангези шиканҷаи зиндониёнро ба навор гирифтааст, бегуноҳ эълон шуд.

Дар нимаи моҳи сентябри соли гузашта расонаҳои хабарии Гурҷистон наворҳоеро пахш карданд, ки дар он бо маҳбусони зиндони Глдан бераҳмона муносибат мекунанд ва онҳоро шиканҷа медиҳанд. Бо дидани ин навор мардум ба шӯр омаданд ва тазоҳуроти эътирозӣ барпо карданд.
XS
SM
MD
LG