Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасди худкушӣ кардани шаҳрдори Махачқалъа


Саид Амиров, шаҳрдори Махачқаъла пойтахти Ҷумҳурии Доғистони Русия, баъди талош барои худкушӣ дар боздоштгоҳе дар Маскав ба шифохона интиқол дода шудааст. Раёсати зиндонҳо ва муассисаҳои ислоҳотӣ дар Русия гуфт, Саид Амиров бандҳои дасташро бо алмос буридааст. Вазъи сиҳатии ӯ ҳоло қаноатбахш будааст. Шаҳрдори Махачқалъаро аввали ҳамин моҳ бо иттиҳоми қатли Арсен Ҳоҷибеков, як муфаттиши Кумитаи Тафтишотии Русия боздошт карданд. Ду шарики ӯро ҳам ба ин ҷиноят муттаҳам мекунанд. Саид Амирови 59-сола нахустин бор соли 1998 ба мақоми шаҳрдори Махачқалъа расид ва аз даҳҳо сӯиқасд, ҷон ба саломат бурдааст. Вале дар як сӯиқасд фалаҷ шуд ва бо аробаи маъюбӣ ҳаракат мекард. Доғистон солҳои ахир ба яке аз нооромтарин ҷумҳуриҳои Русия табдил шудааст.
XS
SM
MD
LG