Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳониёни суннӣ бар зидди Башор Асад ҷиҳод эълон карданд


Рӯҳониёни машҳури суннӣ бар зидди Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ва муттаҳидони режими вай ҷиҳод эълон карданд. Баъд аз як мулоқт дар Қоҳира ин рӯҳониён эъломияе ба нашр расонданд. Дар он омадааст, “таҷовузи зишти режими Эрон, Ҳизбуллоҳи Лубнон ва пайравони мазҳабии онҳо дар дохили Сурияро ҷонибдорӣ аз ҷанг бар зидди ислом ва мусулмонон медонем”.

Рӯҳониёни суннӣ мегӯянд, “ҷиҳод” дар Сурия бад-он маънист, ки ба бародарони худ пулу аслиҳа бифиристем.

Абдулазизи ал Шайх-рӯҳонии саршиноси Арабистони Саъудӣ, Юсуф ал Қарадавӣ-воъизи маъруфи мисрии муқими Қатар ва чанд нафари дигар аз ҷумлаи ин рӯҳониён мебошанд.
XS
SM
MD
LG