Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои курсии президентӣ дар Эрон 7 номзад мубориза мекунанд


Ғулом Алӣ Ҳаддод
Ғулом Алӣ Ҳаддод
Бино ба гузоришҳои матбуоти Эрон, Ғулом Алӣ Ҳаддод-раиси пешини порламон ё маҷлиси Эрон номзадии худро аз ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ фаро хондааст. Ин интихобот 14 июн баргузор мешавад.

Ин номзади муҳофизакор рӯзи душанбе дар эъломияе, ки мунташир сохт, навиштааст, ки ҳангоми райдиҳӣ “раҳнамудҳои оятуллоҳ Алӣ Хоманеиро ба таври ҷиддӣ риоят кунанд”.

Одил, ки аз тарафи занаш бо Хоманеӣ хешигарӣ дорад, дар бораи сабабҳои ин тасмимаш чизе нагуфтааст.21 маи соли равон Шӯрои Нигаҳбон, ки назорат бар равандҳои интихоботиро бар ӯҳда дорад, аз 700 номзади пешбаришуда танҳо 8 нафарро чун номзад сабти ном кард.

Акнун Саид Ҷалилӣ-раиси ҳайати музокироти ҳастаии Эрон, Муҳсин Ризоӣ-собиқ ноиби раиси ҷумҳури Эрон, Ҳасан Рӯҳонӣ-рӯҳонии маъруф, Муҳаммад Ризо Ориф-устоди донишгоҳ, Боқир Қолибоф -шаҳрдори Теҳрон, Муҳаммад Ғаразӣ-собиқ вазири мухобирот ва Алӣ Акбар Вилоятӣ-собиқ вазири корҳои хориҷии Эрон барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ мубориза мекунанд.
XS
SM
MD
LG