Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Амрикову Чин ҳамкориҳоро баррасӣ карданд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Ши Ҷипинг, ҳамтои чинии ӯ дар мулоқотҳои фарогири дурӯза дар аёлати Калифорния, масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалиро баррасӣ кардаанд. Дар поёни мулоқот дар рӯзи шанбе ҳарду раиси ҷумҳур ба созиш расидаанд, то ҳамкориҳо дар арсаи тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва энержӣ ҳамкорӣ кунанд. Янг Ҷиечи, раиси Шӯрои Давлатии Чин дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки раиси ҷумҳури кишвараш дар мулоқот бо Барак Обама ба беҳбуди ҳамкориҳои низомӣ ва роҳандозии муносибот миёни артиши ду кишвар таъкид кардааст. Барак Обама дар мулоқот ҳамчунин масъалаи ҷосусиҳои интернетӣ аз сӯи Чинро матраҳ кардааст, ки бо ҳадафи дуздидани асрори саноатии Амрико сурат мегирифтааст. Янг Ҷиечи гуфтааст, ки Чин мехоҳад, дар масъалаи амнияти интернетӣ бо Амрико ҳамкорӣ кунад, на баҳсу даъво. Баъди ба мақоми раиси ҷумҳур расидани Ши Ҷипинг дар моҳи март, бори аввал аст ки ӯ бо Барак Обама мулоқот мекунад.
XS
SM
MD
LG