Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико гуфтугӯҳои телефонии муштариёнро сабт мекардаанд


Сенатор Дианне Фейнштейн
Сенатор Дианне Фейнштейн
Кумитаи кашфи Сенати Амрико таъйид кард, ки ҳукумат пинҳонӣ гуфтугӯи телефонии миллионҳо нафар муштариёни амрикоии Verizon-ро бар асоси дастури шадидан маҳрамонаи додгоҳ ҷамъоварӣ кардааст.

Сенатор Дианне Фейнштейнрӯзи панҷшанбе дар Вашингтон ба рӯзноманигорон гуфт, ки дастури додгоҳро бори аввал рӯзи чаҳоршанбе рӯзномаи "Guardian"–чопи Британия ифшо кардаасат.

Фейнштейн аз мавзеъгирии ҳукумат дифоъ кард ва гуфт, ки ин кор барои таъмини амнияти Амрико анҷом шудааст.

"Guardian" гузориш додааст, ки бар асоси ин дастури маҳрамонаи Додгоҳи кашфи хориҷӣ Verizon бояд ҳар рӯз ба Ожонси Амнияти Миллӣ дар бораи ҳамаи гуфтугӯҳои телефонии дохили Амрико ва шаҳрванди Амрико бо кишварҳои хориҷӣ маълумот медод.
XS
SM
MD
LG