Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт тоҷик дар Перм ба тиф мубтало шудааст


Мақомоти расмии Русия мегӯянд, 8 муҳоҷири кории тоҷик дар шаҳри Перм ба бемории тиф мубтало шудаанд, вале хатари паҳн шудани беморӣ дар шаҳр таҳдид намекунад. Олга Шутова, сухангӯи раёсати «Роспотребнадзор» дар шаҳри Перм гуфтааст, дар маҷмӯъ 10 муҳоҷири корӣ ба тиф мубтало шудаанд ва ду нафари онҳо шаҳрвандони Узбакистон ҳастанд. Ба гуфтаи Олга Шутова, муҳоҷирон дер боз дар ин шаҳр зиндагӣ мекардаанд ва дар ҳаминҷо ба бемории тиф гирифтор шудаанд. Ӯ афзуд, ҳанӯз манбаъи ангезандаи беморӣ муайян нашудааст ва фарзияи истеъмоли оби олуда аз чоҳи маҳалли зисти муҳоҷирон ҳанӯз таъйид нашудааст: «Ин як фарзия буд, як манбаъи эҳтимолии ангезандаҳои беморӣ, вале ҳанӯз манбаъи аслӣ муайян нашудааст.» Аз ин пештар дар рӯзи чаҳоршанбе, муассисаи давлатии «Ҳимояти Шаҳрвандон» дар шаҳри Перм гуфт, ки дар маҷмӯъ 18 муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказиро бо аломатҳои бемории тиф дар бемористон бистарӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG