Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ ба 22 ҳазор тоҷик ҷои кор фароҳам меорад


Бонки ҷаҳонӣ барои таъмини амнияти озуқа дар Тоҷикистон дар 12 ноҳия татбиқи барномаи беҳбуди вазъи кишоварзиро оғоз кард. Барои иҷрои ин барнома 43,9 миллион доллар ихтисос дода шудааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар дод. Ин барномаро моҳи ноябри соли гузашта Шӯрои иҷроияи Бонки Ҷаҳонӣ ба тасвиб расонда буд.

Иҷрои барномаи мазкур имкон медиҳад, ки 22 ҳазор ҷои кории муваққатӣ барои сокинони минтақа фароҳам оварда шавад. Ин барнома дар 12 ноҳия ба иҷро хоҳад даромад.
XS
SM
MD
LG