Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон сабти номи райдиҳандагони нав оғоз шуд


Фазл Аҳмад Маънавӣ
Фазл Аҳмад Маънавӣ
Дар Афғонистон сабти номи райдиҳандигони нав барои ширкат дар интихоботи моҳи апрели соли 2014 рӯзи якшанбе шуруъ шуд. Фазл Аҳмад Маънавӣ-раиси Кумиссиюни мустақили интихобии Афғонистон мегӯяд:

“Ҳар ҷо, ки пулис амниятро таъмин кард, мо меравем. Аммо рафтан ба маҳал мо бо кормандони пулис ҳаракат мекунем. Ҳар ҷо, ки пулис пеш шуд, мо пушти сараш мерем.Агар натавонистанд, бояд ҷавоб бигӯянд”.

Оқои Маънавӣ ҳамчунин аз ҳукумати Афғонистон хост, ки амнияти гурӯҳҳои сабти номи Кумиссиюни мустақили интихоботиро таъмин кунад. Сабти ном дар 41 марказ дар 34 вилоят шурӯъ мешавад ва гурӯҳҳо ононеро сабти ном мекунанд,т ки то рӯзи интихобот 18 сола мешаванд.
XS
SM
MD
LG