Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Interpol дархости Русияро барои ҷустуҷӯи Броудер рад кард


Виллиям Броудер
Виллиям Броудер
Interpol ё пулиси байналмиллалӣ дархости Русияро барои ворид кардани номи Виллиям Броудер-миллионери бритонёӣ ба феҳристи афроди ҷустуҷӯшаванда рад кард.

Виллиям Броудер раиси Бунёди Hermitage Capital аст ва Interpol мегӯяд, ки ҳамаи маълумотро дар бораи Броудер аз маълумотномаҳои худ бардоштааст.

Ахиран як кумиссиюни вижа тасмим гирифт, ки парвандаи Броудер ангезаи сисёсӣ дорад. Моҳи апрел як додгоҳ дар Маскав вайро дар ғиёбаш барои “дуздӣ”-и саҳмияҳои "Газпром", ки 3 миллиард рубл арзиш доштааст, муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG