Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё ба тарҷумонҳои афғон ҳаққи иқомат медиҳад


Ба 600 тарҷумони афғон, ки барои нерӯҳои Бритониё дар Афғонистон кор кардаанд, ҳаққи зиндагӣ дар он кишварро хоҳанд дод. Манобеъе дар ҳукумати Бритониё гуфтаанд, ба тарҷумонҳои афғоне, ки дар ҷабҳаи аввали ҷанг кор кардаанд, дар аввал раводиди панҷсола медиҳанд. Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё дархостҳо барои ҳаққи иқомат додан ба тарҷумонҳои афғон ва хонаводаҳояшонро рад карда буд, вале баъди муроҷиатҳои зиёд, мухолифатро бас кард. Тарҷумонҳои афғон бим доранд, ки дар сурати мондан дар Афғонистон, ҳадафи ҳамлаи Толибону ситезаҷӯёни дигар қарор мегиранд, ки дар гузашта чандин нафарро барои ҳамкорӣ бо нерӯҳои хориҷӣ куштаанд. Қарор аст, Бритониё имсол аз ҳисоби 9000 сарбозаш дар Афғонистон, 3800 нафари онҳоро хориҷ кунад. Интизор меравад, то поёни соли 2014 аксари сарбозони хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG