Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рафтан"-у "омаданҳо" ба ҳизби Тоҷикистони нав


Хабаргузории давлатии «Ховар» хабар додааст, ки боз як узви ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав аз сафи ин гуруҳ ҷудо шуд. Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон, узви Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» аз сафи гуруҳ хориҷ шудааст. Хабаргузории "Ховар" иттилоъ додааст, ки Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон бо пешниҳоди ариза ба унвони роҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби номнависнашудаи “Тоҷикистони нав” Зайд Саидов хоҳиш намудааст, ки ӯро аз гуруҳи ташаббускор хориҷ намоянд. Аммо Маҳмудҷон Қосимов, аз раҳбарони Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав рӯзи душанбе дар тамос бо «Озодӣ» аз ин бехабарӣ кард ва гуфт, ки ин дар маврид ба онҳо муроҷиат нашуда ва аз тасмими Абдураҳим Алиев аз тариқи расонаҳо огаҳ шудааст . Чанд рӯз қабл узви дигари гуруҳи ташаббускор Ҷамшед Ҳафизов - муовини Директори ширкати “Тоҷиксохтмон-Байналмилал” барои қатъи фаъолияти худ ҳамчун узви гуруҳи ташаббускори ҳизби номнависнашудаи “Тоҷикистони нав” расман баёнот пахш карда буд. Хабари ҷудо шудани Абдураҳим Алиев ва Ҷамшед Алиев аз Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав дар ҳолест, ки рӯзи гузашта ҳунарманди маъруф Барзуи Абдураззоқ ва донишманди иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров аз пайвастани худ ба ин гуруҳ хабар доданд.
XS
SM
MD
LG