Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушакпарронии Пхенян Сеулро ноором кардааст


Вазорати мудофиаи Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, Кореяи Шимолӣ аз соҳили шарқиаш се мушаки бурди кӯтоҳро партоб кардааст.

Сухангӯи вазорати мудофиаи Кореяи Ҷанубӣ Ким Мин Сеок рӯзи шанбе гуфт, ду мушак субҳи шанбе ва мушки сеюм нисфирӯзии шанбе дар баҳри японӣ партоб шудаанд.

Моҳи март Кореяи Шимолӣ ду мушаки бурди кӯтоҳро озмоиш намуда, сипас бо ишора ба размоиши муштараки ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ ва ҳамчунон тавсеаи таҳрими Кореяи Шимолӣ дар СММ таҳдид кард, ки ИМА ва Кореяи Ҷанубиро ҳадафи мушакҳояш қарор хоҳад дод.

Дар моҳи феврал СММ дар ҷавоб ба саркашии мақомоти Пхенян аз қатъи озмоишҳои ҳастаӣ таҳрими Кореяи Шимолиро тавсеа бахшид.

Ким Мин Сеок мегӯяд, Кореяи Ҷанубӣ назорати Кореяи Шимолиро таҳким бахшида, дар ҳоли омодабош аст.
XS
SM
MD
LG