Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавҳар ҳамлаи Бостонро қасос аз Амрико гуфтааст


Бино ба гузориши телевизиони CBS-и Амрико Ҷавҳар Тсарнаев, муттаҳам ба бомбгузорӣ дар шаҳри Бостони Амрико дар як паёме, ҳамла дар ин шаҳрро қасос барои ҷангҳои Иёлоти Муттаҳида дар кишварҳои мусулмонӣ гуфтааст. Телевизион бо такя ба манобеъи худ гуфт, Ҷавҳар Тсарнаев ин паёмро дар девори қаиқе навиштааст, ки ӯро аз дохилаш пайдо карданд. Ба гуфтаи Ҷон Миллер, хабарнигори CBS, Ҷавҳар Тсарнаев навиштааст, ки “бомбгузорӣ қасосе буд, барои ҷиноятҳои Амрико алайҳи мусулмонон дар ҷойҳое ба мисли Ироқу Афғонистон”. Ҷавҳари 19-сола бародараш Темурлани 26-сола ва муттаҳами дигар ба бомбгузориро "шаҳид" номидааст, ки ӯ зимни муқовимати мусаллаҳона ба маъмурони пулис кушта шуд. Дар бомбгузорӣ зимни дави марафонии шаҳри Бостон дар рӯзи 15 апрел, 3 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG