Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия таъсири боздошти дипломати ИМА-ро шарҳ дод


 Дмитрий Песков-сухангӯи президенти Русия
Дмитрий Песков-сухангӯи президенти Русия
Президенти Русия Владимир Путин мегӯяд, кӯшиши дипломати амрикоӣ ба хотири истихдоми афсари хадамоти амнияти Русия ба кӯшишҳои беҳбуди равобити миёни ИМА ва Русия кумак нахоҳад кард.

Русия мегӯяд, ин дипломати амрикоӣ- Райан Кристофер Фогл, мехост як афсари амниятиии Русияро ба ҷосуси CIA ва ё Хадамоти Истихборотии Амрико табдил диҳад.

Рӯзи чоршанбе баъди даъвати сафири Амрико Майкл Макфаул ба вазорати корҳои хориҷии Русия Дмитрий Песков-сухангӯи президенти Русия дар ин бора ташреҳ дод.

Рӯзи сешанбе телевизиони Русия лаҳзаи боздошти Фоглро намоиш дод. Ба гуфти Русия Фогл ба ҳайси котиби сеюми дафтари сиёсии сафорати Амрико дар Маскав кор мекардааст.
XS
SM
MD
LG