Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Тоҷикистони нав» барнома ва стратегияи худро шарҳ медиҳад


Масъулони ҳизби нави «Тоҷикистони нав» мегӯянд, ки дар нишасти хабарии рӯзи ҷумъа, барнома, ҳадаф ва стратегияи худро ба таври мушаххас шарҳ хоҳанд дод.
Мавҷуда Соҳибназарова, яке аз муассисони ҳизби «Тоҷикистони нав» рӯзи 10-уми май ба "Озодӣ" гуфт, ки ҳайати таъсисии ҳизб имрӯз ба хотири мушаххас шарҳ додани барнома ва стротегия, нишасти хабарӣ баргузор хоҳанд кард. Вай афзуд, ки муассисони ҳизб дар ин нишаст омодаанд ба ҳамаи суолҳи марбут ба "Тоҷикистони нав" посух диҳанд.

Соҳибкори шинохта, вазири пешини саноат ва рушди иқтисоди Тоҷикистон Зайд Саидов, Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллии Тоҷикистон, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон, Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ, Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос, Ҷамшед Ҳафизов, муовини раиси ширкати "Тоҷиксохтмон-байналмилал", Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигори мустақил ва коршиноси масоили иқтисодӣ Бахтиёр Баҳодуров аз ташаббускорони таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» мебошанд.

Ҳамакнун дар Тоҷикистон ҳашт ҳизб ба таври расмӣ фаъолият менамоянд ва дар сурати сабти номи “Тоҷикистони нав”, он нуҳумин ҳизби сиёсӣ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG