Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мухолифи сиёсии Беларусро дубора боздошт карданд


Павел Виноҳрадов
Павел Виноҳрадов
Павел Виноҳрадов-яке аз фаъолони мухолифони Беларусро баъд аз хатми мӯҳлати 12 рӯзаи зиндонаш дубора пулис боздошт кард.

Хонуми вай гуфт, ки субҳи рӯзи панҷшанбе ду нафар дар либоси корманди пулис ба хонаи онҳо омадаанд, ба онҳо чизе нагуфтаанд, иҷозаи боздоштро ҳам нишон надодаанд ва талаб кардаанд, ки шавҳараш бо онҳо ба идораи пулис равад.

Виноҳрадов рӯзи шанбе аз ҳабс раҳо шуда буд. Вайро 23 апрел барои эътирози ғайриқонунӣ боздошт карда буданд. Он рӯз вай тасвири Микалай Статкевич-номзади пешини мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва парчами миллии Беларусро, ки дар он кишвар мамнуъ аст, дар даст дошт.

Ҳоло худи Статкевич мӯҳлати 6 солаи зиндонро сипарӣ мекунад. Вай дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2010 худро дар муқобили Александр Лукашенко номзад пешбарӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG