Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳолии Узбакистон ба 30 миллион нафар расидааст


Тибқи гузоришҳои расида идораи омори Узбакистон иттилоъ додааст, ки шумораи сокинони ин кишвар аз 30 миллион нафар бештар шудааст.

Рӯзи чоршанбе расонаҳои Узбакистон аз нақли идораи омори ин кишвар иқтибос оварданд, ки то якуми январи соли 2013-ум дар ин кишвар 29 миллиону 994 ҳазор нафар истиқомат доштанд ва дар се моҳи аввали соли равон дар қаламрави Узбакистон 81 ҳазор тифл ба дунё омадааст.

Ба қавли идораи омори Узбакистон 50 дар сади аҳолии ин кишвар мард ва 50 дар сади боқимонда зан будаанд, ҳамчунон 51 дар сад дар шаҳр иқомат дошта, 48 дар сад сокинони деҳот будаанд.

Дар ҳамин ҳол идораи омори Узбакистон дар бораи шумораи муҳоҷирони кории ин кишвар дар Русияву Қазоқистон, ки шумораашон эҳтимол чанд миллион нафарро ташкил кунад, чизе нагуфтааст.
XS
SM
MD
LG