Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як ҳамла дар арафаи интихоботи Покистон


Шумораи қурбониҳои бомбгузорӣ дар минтақаи Куррами қабилаҳо ба 23 нафар баробар шудааст.

Мансабдорони маҳаллии ин гӯшаи ноороми шимолу ғарби Покистон мегӯянд, дар ин ҳодиса ҳамчунон 67 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳадаф аз бомбгузории рӯзи душанбе ҷамъомади тарафдорони ҳизби ростгарои мазҳабӣ-Ҷамъияти уламои исломӣ буд, ки таҳти раҳбарии мавлоно Фазлурраҳмон қарор дорад.

Дар арафаи интихоботи парламентии 11-уми май Покистонро мавҷи ҳамлаҳои серталафот фаро гирифта, то кунун ҳаёти наздик ба 100 нафарро аз байн бурдааст.

Як нафаре, ки худро сухангӯи Толибон меномад, масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст. Ба қавли ин гурӯҳи ифротии исломӣ ҳадафи бомбгузорӣ вакили мардумӣ Мунир Оракзай буд, ки дар гузашта ба боздошти раҳбарони баландрутбаи ал-Қоида кумак кардааст.
XS
SM
MD
LG