Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон 8 сарбози НАТО кушта шуданд


Чархболи НАТО Кобулро аз ҳаво назорат мекунад (7марти соли 2013)
Чархболи НАТО Кобулро аз ҳаво назорат мекунад (7марти соли 2013)
Дар се ҳодисаи ҷудогона дар Афғонистон 8 сарбози НАТО ва аз ҷумла 7 низомии амрикоӣ ба ҳалокат расидаанд.

Мақомот мегӯянд, рӯзи шанбе 5 сарбози амрикоӣ бар асари таркиши бомбаи канори роҳ дар вилояти ҷанубии Қандаҳори Афғонистон ба қатл расидаанд.

Ҳамчунон ба гуфти мақомот дар вилояти ғарбии Фароҳ ду сарбози амрикоӣ аз тири сарбози артиши миллии Афғонистон ба ҳалокат расидаанд. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтаанд.

Хабаргузории Ассошиэйтед пресс навиштааст, ки дар тӯли як соли гузашта ин бори сеюм аст, ки дар як рӯз дар Афғонистон 7 сарбози амрикоӣ кушта мешаванд.

Фармондеҳони эътилофи байналмилалӣ иттилоъ доданд, ки дар шимоли Афғонистон ҳам як сарбози олмонӣ ба қатл расидааст.
XS
SM
MD
LG