Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

540 қурбонӣ бар асари фурӯрезии бино дар Бангладеш


Ба қавли мақомоти Бангладеш рӯзи шанбе дар макони фурӯпошии муҷтамаи нассоҷии канори пойтахти ин кишвар боз чанд ҷасад ёфт шуда, шумораи умумии қурбониҳои ин фоҷеа ба 540 нафар баробар шудааст. То ҳол сарнавишти 50 нафар маълум нест.

Бинои 8 ошёна рӯзи 24-ум апрел дар минтақаи Савар, 30 километрии шимолу ғарби Дака фурӯ рехт. Аз байни 3 ҳазор нафар, ки ҳангоми фурӯпошии бино дар кор буданд, тақрибан 2400 нафар захм бардоштаанд.

Муҷтамаи Рана Плаза 5 фабрикаи нассоҷии мухталифро дар зери як бом ҷамъ кардааст. Фурӯпошии бино яке аз чанд ҳаводиси ногувор аст, ки саноати нассоҷии Бангладешро бо хасорот мувоҷеҳ мекунад.

Бахши бузурги содироти Бангладешро маҳз нассоҷӣ ташкил медиҳад. Як идда ширкатҳои ҷаҳонӣ ва аз ҷумла ширкати Бенеттони Италия, тасдиқ кардаанд, ки дар муҷтамаи Рана Плаза маҳсулот мебароранд.
XS
SM
MD
LG