Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои ҳукуматии Сурия як ноҳияи Ҳумсро гирифтанд


Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои вафодор ба Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, дар шаҳри Ҳумс дар ҷанг ба зидди шӯришиён пешравӣ мекунанд. Маркази Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, гуфт, нерӯҳои ҳукуматӣ рӯзи панҷшанбе дигарбора назорати ноҳияи Водӣ Сайёҳ дар маркази шаҳри Ҳумсро ба даст гирифтанд. Нерӯҳои ҳукумати Сурия саъй доранд, шӯришиёнро, ки бештар аз як сол аст, чанд ноҳияи марказии Ҳумсро дар даст доранд, аз ин шаҳр биронанд. Ҳумс саввумин шаҳри бузурги Сурия дар 160 километрии шимоли шаҳри Димишқ воқеъ шудааст. Аз замони шурӯъи қиёмҳои мардумӣ дар Сурия дар ду соли пеш ин шаҳр ба як саҳнаи набардҳои шадид миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва шӯришиён табдил шудааст. Дар ҷанги дусолаи Сурия то кунун бештар аз 70 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG