Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи иттиҳомоти нав дар робита ба ҳамлаи Бостон


Дар Амрико се ҷавони дигарро ба эҷоди монеа дар таҳқиқи парвандаи Ҷавҳар Тсарнаев, муттаҳам ба бомбгузории хунини шаҳри Бостон расман муттаҳам карданд. Ҳар се нафар баъди эъломи иттиҳом дар додгоҳ ба дасти мақомоти интизомӣ супурда шуданд ва то эҳзори баъдӣ ба додгоҳ дар боздоштгоҳ хоҳанд монд. Аммо вакилони дифоъи Азамат Тажаяков, Диас Қодирбоеви 19-сола ва шаҳрвандони Қазоқистон мегӯянд, ки ҳарду ҷавон ҳеҷ нақше дар бомбгузорӣ дар дави марафонии шаҳри Бостон надоранд, ки се нафар кушта бар ҷой гузошт. Фарди саввум Робел Филиппос ва шаҳрванди Амрикоро ба дурӯғ гуфтан ба муфаттишон муттаҳам кардаанд. Муфаттишон мегӯянд, ки ин ҷавонон, баъди бомбгузорӣ дар Бостон ҷузвдон ва компютери Ҷавҳар Тсарнаевро аз утоқи ӯ дар Донишгоҳи Массачусетс дар Амрико гирифта, ҷойи дигар бурдаанд.
XS
SM
MD
LG