Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олам шоҳиди раҳпаймоиҳои эътирозии якуми май шуд


Рӯзи якуми май ҷамъомадҳову эътирозҳои коргарон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба қайд гирифта шуданд. Дар саросари Бангладеш эътирозгарон талаб карданд, ки масъулони фурӯпошии бинои як корхона ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи фурӯпошии бинои як фабрика дар канораи шаҳри Дака камаш 400 кас ҳалок шуданд. Эътирозҳои анъанавии рӯзи якуми май, яъне рӯзи ҳамбастагии заҳматкашони олам дар Аврупо ҳам барпо шуданд. Дар Юнон коршикании 24 –соата бар зидди барномаи давлатии коҳиши хароҷот ҳаракати нақлиёти мусофирбари саросари ин кишварро мутаваққиф намуд. Дар Истанбули Туркия бархӯрди полис бо гирдомадагон ҷой дошт. Мансабдорони Туркия мегӯянд, дар ин ҳодиса камаш 20 тан боздошт шуда, шуморе ҳам ҷароҳат бардоштааст.
XS
SM
MD
LG