Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси хонагии Мушарраф тамдид ёфт


 Парвез Мушарраф
Парвез Мушарраф
Додгоҳи Покистон ҳабси собиқ президенти ин кишвар Парвез Мушаррафро барои ду ҳафтаи дигар тамдид кард. Ӯ дар робита бо куштори собиқ сарвазири Покистон хонум Беназир Бҳутто дар соли 2007-ум боздошт шудааст. Рӯзи сешанбе додситон Чавдурӣ Зулфиқор гуфт, додгоҳи зидди терроризм дар шаҳри Равандпиндӣ ҳукм баровард, ки Мушарраф то 14-уми май дар ҳабси хонагӣ бошад. Ҳафтаи гузашта додгоҳ барои бозпурсии Мушарраф чор рӯз дода буд. Мушарраф моҳи гузашта баъди муҳоҷирати чорсола ба Покистон баргашт, то дар интихоботи парламентӣ ширкат варзад.
XS
SM
MD
LG