Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи аврупоӣ ҳабси Тимошенкоро танқид кард


Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ҳукм содир намуд, ки ҳабси Юлия Тимошенко поймолшавии ҳуқуқи башар аст.

Рӯзи сешанбе додгоҳ дар шаҳри Страсбург иброз дошт, ки собиқ сарвазири Украина ва яке аз пешвоҳои калидии инқилоби норанҷии соли 2004-ум Тимошенко дар соли 2011-ум бо ҷурми сӯиистифода аз қудрат ҳангоми имзои шартномаи содироти гази табиӣ бо Русия ба муддати ҳафт сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Тимошенко мегӯяд, ҳукумати Виктор Янукович қазияро бо ҳадафҳои сиёсӣ сохта, ӯро дар шароити ғайриинсонӣ нигаҳ медорад.

Ҳукумати Украина ҳукми додгоҳро беасос номидааст. Қазияи Тимошенко равобити Украина ва Ғарбро сард кардааст. Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА таъкид мекунанд, ки муҷозоти Тимошенко ҳадафҳои сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG