Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши Прага амали террористӣ набуд


Макони таркиши Прагаро сагҳо тафтиш мекунанд
Макони таркиши Прагаро сагҳо тафтиш мекунанд
Мири шаҳри Прага мегӯяд, таркиши рӯзи душанбе, ки маркази пойтахти ҷумҳурии Чехро такон дод, амали террористӣ набудааст.

Ба қавли Боҳуслав Свобода таркиш дар натиҷаи берун шудани гази табиӣ аз лӯла ба вуқӯъ пайваст. Таркиш дар назди Театри миллии Прага камаш 35 нафарро маҷрӯҳ намуд.
Гурӯҳи наҷот се шахси беному нишон шударо ҷустуҷӯ дорад. Аз этимол дур нест, ки онҳо дар зери вайронаҳо бошанд. Мири Прага мегӯяд:

Мо сагҳоро ба макони таркиш ирсол намудем, вале онҳо ҳеҷ нишонае пайдо накарданд. Шояд каме мунтазир шавем, то бӯи газ камтар шавад ва сипас сагҳоро аз нав ба кофтукоби беному нишон шудаҳо фиристем.”

Таркиши нерӯманд шишаи тирезаҳои биноҳои гирду атрофро шикаста мардуми зиёдро захмӣ намуд. Полис бо назардошти такрори таркиш сокинони марказро барои муддате ба ҷои амн интиқол дод.
XS
SM
MD
LG