Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ бори дигар Сурияро ба ҳамкорӣ даъват кард


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун аз ҳукумати Сурия даъват кард, ки ҳайати муфаттишони СММ-ро барои таҳқиқи иттиҳоми истифодаи силоҳи химиявӣ дар ин кишвар роҳ диҳад.

Рӯзи душанбе Бан Кӣ Мун гуфт, ҳайат дар бораи истифодаи силоҳи химиявӣ маълумот ҷамъ мекунад, вале дар он ҷо таҳқиқи муфассал зарур аст:

Барои таҳияи гузориши муфассал ва қобили эътимод боздид аз анборҳои силоҳи химиявӣ ва маконе, ки гӯё мавриди ҳамлаи химиявӣ қарор гирифтааст, зарур аст. Ман бори дигар аз мақомоти Сурия даъват мекунам, ки муфаттишонро бидуни таъхир ва шартгузорӣ қабул кунанд.”

Ҳайати СММ таҳти раҳбарии донишманди швед Аке Селстрём сар аз моҳи март иттиҳоми истифодаи силоҳи химиявӣ аз тарафи нерӯҳои содиқ ба президенти Сурия Башор ал-Асадро таҳқиқ дорад.

Ҳукумати Сурия ва мухолифини он ҳамдигарро бо истифодаи силоҳи химиявӣ дар бархӯрдҳои моҳи март дар шаҳри Ҳалаб муттаҳам мекунанд. Мақомоти Сурия мегӯянд, ки тафтиш бояд фақат шаҳри Ҳалабро дар бар гирад. Вале СММ мегӯяд, ки иттиҳоми ҳамла бо силоҳи химиявӣ дар моҳи декабр дар шаҳри Ҳумс низ бояд тафтиш шавад.
XS
SM
MD
LG