Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузории Покистон 8 нафар ҷон додаанд


Пулиси Покистон мегӯяд, имрӯз як бомбгузори маргталаб бо мунфаҷир кардани худ дар шаҳри Пешовар, дасти кам 8 нафар аз ҷумла дипломат ва писари як рӯҳонии бонуфузи афғонро куштааст. Муҳаммад Ашфақ, афсари пулис гуфт, дар бомбгузорӣ, ки дар назди истгоҳи автобус сурат гирифт, 45 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳадафи ҳамла зоҳиран зоҳиран Соҳибзода Анис, як мақоми баландпояи ҳукумати шаҳри Пешовар будааст, ки аз маҳалли таркиш пештар гузаштааст. Консулгарии Афғонистон дар Пешовар гуфт, ду дипломати афғон дар ҳамла кушта шудаанд. Мақомоти Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, яке аз қурбониён, Ҳилол Аҳмад Виқод, писари Амин Виқод, узви Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон будааст. Амин Виқод саъй доштааст, Толибонро ба музокироти сулҳи Афғонистон ҷалб кунад.
XS
SM
MD
LG