Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Либия мегӯяд, аз ҳамлаҳо наметарсад


Ба думболи ҳамлаҳои ахири афроди мусаллаҳ ба қароргоҳҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Бенғозӣ пойтахти Либия, ҳукумати ин кишвар гуфт, аз ин гуна ҳамлаҳо наметарсад. Рӯзи якшанбе афроди мусаллаҳ, вазорати умури хориҷии Либияро муҳосира карда ва хостанд, ки мақомотеро, ки дар аҳди Муаммар Қаззофӣ барои ӯ кор мекарданд, аз ҳаққи кор дар ҳукумат маҳрум кунанд. Бино ба гузоришҳо, афроди мусаллаҳ бо 20 мошини боркаши хурд бо мушакҳои зиддиҳавопаймоӣ роҳҳо ба сӯи вазорати умури хориҷаро бастанд. Ҳамчунин онҳо саъй кардаанд, ки вазорати умури дохилӣ ва хабаргузории давлатии Либияро тасарруф кунанд, аммо натавонистаанд. Алӣ Зайдон, нахуствазири Либия гуфтааст, ки ҳукуматаш бисёр қавист ва аз ин ҳамлаҳо наметарсад. Афроди мусаллаҳи нороозӣ аз ҳукумат мехоҳанд, қонунеро тасвиб кунад, ки иҷоза намедиҳад, мақомоти расмии аҳди Муаммар Қаззофӣ, диктатори собиқи Либия ба мақомҳои баланд дар ҳукумат роҳ дода нашаванд. Чунин қонуне дар Либия пешниҳод кардаанд, вале он ҳоло тасвиб нашудааст. Пештар аз ин тазоҳурот, ба сафорати Фаронса дар Либия ҳамла сурат гирифт ва нигарониҳо доир ба авзоъи амниятӣ дар пойтахти ин кишварро барангехт.
XS
SM
MD
LG