Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар оғози ҳамлаҳои мавсимӣ Толибон 4 корманди пулисро куштанд


Шӯришиёни Толиб дар Афғонистон 4 корманди пулисро ба қатл расондаанд. Толибон иддао мекунанд, ки онҳо “ҳамлаҳои мавсимӣ”-и худро аз сар гирифтаанд. Пулиси Афғонистон мегӯяд, рӯзи якшанбе дар вилояти Ғазнӣ тавассути дастгоҳи ҳидоятшаванда дар вилояти Ғазнӣ баме тарконда шудааст ва дар он Муҳаммад Ҳуссайн-муовини фармондеҳи пулиси вилоят ба қатл расидааст.

Забеҳулло Муҷоҳид-сухангӯи Толибон дар номаи интернетӣ навиштааст, ки Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш мегиранд.

Вай ин ҳамларо нахустин ҳамлаи мавсимӣ дар соли ҷорӣ арзёбӣ кардааст. Раҳбарияти Толибон рӯзи шанбе эълон кард, ки ҳамлаҳои мавсимии худро дар соли ҷорӣ аз сар мегирад.
XS
SM
MD
LG