Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушаки ноқисро ба Истгоҳи Кайҳонӣ васл карданд


Як мушаки бесарнишини Русия бо вуҷуди нуқс дар мавҷгираш бомувафақият ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ васл шуд. Мақомоти Русия ва Амрико гуфтанд, ба истгоҳ васл кардани мушаки борбар вақти зиёд гирифт, вале ҳангоми васли он ҳеҷ мушкиле пеш наомад. Аввали ин ҳафта баъди боз нашудани яке аз мавҷгирҳои мушаки Прогресс мутахассисон гуфтанд, мумкин аст, он дуруст ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ васл нашавад ва кайҳоннавардон ин кори хатарнокро худашон анҷом диҳанд. Мушаки борбари Прогресс ба истгоҳи мазкур, ки ҳоло панҷ кайҳоннавард аз Русияву Амрико ва Канада дар он кор мекунанд, якуним тонна оксиген, обу ғизо ва маводи сӯхт бурд.
XS
SM
MD
LG