Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷаби Мирзо аз корбарони Фейсбук кумак хост


Раҷаби Мирзо хабарнигори шинохта ва номзад ба мақоми вакилӣ порлумони Тоҷикистон, аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват кардааст, барои маъракаҳои тарғиботиаш кумаки молӣ кунанд. Раҷаби Мирзо дар саҳифаи худ дар Фейсбук навиштааст, ҳар нафаре, ки хоҳиши кумак дар маъракаи интихоботии ӯро дорад, пулро ба ҳисобҳои махсуси онҳо дар Амонатбонк бифиристанд. Раҷаби Мирзо аз ҳавзаи интихоботии Восеъ худро номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кардааст ва бо Ибодулло Неъматов аз Ҳизби Халқӣ-Демократӣ, Зайниддин Сафаров, аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ва Ҷӯрабек Қурбонов, мудири Идораи ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кӯлоб рақобат мекунад. Қарор аст, интихоботи миёндавраӣ дар ин ҳавза рӯзи 5-уми майи соли ҷорӣ баргузор шавад. Дар Тоҷикистон саҳм гирифтани афроди алоҳида дар корзори интихоботӣ кам мушоҳида мешавад ва муроҷиати Раҷаби Мирзо аз тариқи Фейсбук амалест нодир.
XS
SM
MD
LG