Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳагел: "Сурия аз гази сарин истифода кардааст"


Чак Ҳагел, вазири дифоъи Амрико, мегӯяд, хадамоти истихборотии кишвараш ба ин натиҷа расидаанд, ки эҳтимолан нерӯҳои давлати Сурия дар ҷанг ба зидди шӯришиён аз мизони андаки силоҳи кимиёвӣ истифода кардаанд. Ӯ рӯзи панҷшанбе дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба хабарнигорон гуфт, ки Кохи Сафед ба ҳамин мазмун ба чанде аз аъзои Конгресс нома фиристодааст. Дар ин нома гуфта шудааст, ки ба эҳтимоли ғолиб, нерӯҳои давлатии Сурия дар ҷанг бо шӯришиёне, ки алайҳи ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад меҷанганд, аз гази кушандаи сарин истифода кардаанд. Ҳукумати Амрико бо таъйиди ин хабар гуфт, ки барои собит кардани ин хулоса, арзёбиҳои бештар зарур аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳукумати Сурия ҳушдор додааст, ки дар сурати истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ ҷомеаи байналмилал нисбат ба он иқдом хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG