Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон боз истирдоди Боқиевро талаб кардааст


 Қурмонбек Боқиев
Қурмонбек Боқиев
Ҳайати идораи додситони кулл ва вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ба Беларус сафар намудааст, то имкони истирдоди президенти барканоршудаи ин кишвар Қурмонбек Боқиев ва наздикони ӯро баррасӣ кунад.

Рӯзи панҷшанбе вазири корҳои дохилии Қирғизистон Ҷурабой Абдураҳимов ба Радиои Озодӣ гуфт, тахминан 50 нафар аз наздикони Боқиев, мин ҷумла бародари ӯ Ҷаниш Боқиев, феълан дар Беларус ба сар мебаранд.

Ба гуфти Абдураҳимов ҳамаи онҳо дар ҷиноятҳои мухталиф даст доранд. Боқиев дар эътирозҳои саросарӣ дар моҳи апрели соли 2010-ум Қирғизистонро тарк кардааст.

Моҳи феврали соли равон додгоҳи Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро ба хотири даст доштанд дар як куштори сиёсии моҳи феврали соли 2009-ум дар ғиёб ба 24 соли зиндон маҳкум кард. Дар иртибот бо ҳамин қазия бародари ӯ Ҷаниш Боқиев ҳам дар ғиёб ба ҳабси ҳаётӣ маҳкум шуд.

Дар гузашта ҳукумати Беларус борҳо дархостҳои исртирдоди афроди номбурдашударо рад кардааст.
XS
SM
MD
LG