Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 миллион долллар кумаки БАБР ба фурудгоҳи Хуҷанд


Бонки аврупоии бозсохт ва рушд (БАБР) барои бозсозии хатти парвози фурудгоҳи Хуҷанд 3 миллион доллар қарз ҷудо мекунад. “Азия Плюс” бо такя ба намояндагии БАБР дар Душанбе хабар дод, ки ҷамъи ҳазинаи ин тарҳ 7,2 миллион доллар баровард шуда, маблағи боқимондаашро худи фурудгоҳ ба дӯш мегирад. Фурудгоҳи Хуҷанд, ки дар 11-километрии маркази вилояти Суғд, дар шаҳри Чкаловск воқеъ шудааст, баъди фурудгоҳи Душанбе дувумин фурудгоҳи бузурги Тоҷикистон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG