Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Экстрасенс даъвати волидони ду кӯдаки гумшударо рад кард


Турсуной Зокирова, ғолиби сабқати экстрасенсҳо дар Русия, ки мебоист дар ҷустуҷӯи ду кӯдаки гумшуда дар Тоҷикистон ширкат кунад, ахиран тавассути менеҷераш гуфтааст, ки наметавонад ин масъулиятро бар дӯш бигирад.

Улуғбек Аралов падари Сабина, яке аз кӯдакони гумшуда рӯзи 22-юми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар суҳбати телефонии ахир яке аз менеҷерҳои экстрасенс гуфтааст, ки ошкор кардани ҷойи будубоши мардуми гумшуда дар доираи фаъолияти хонум Турсуной нест ва ӯ наметавонад дар ҷустуҷӯи кӯдакон саҳм бигирад. Улуғбек Аралов афзуд, ки ҳоло дигар аз кӯмаки Турсуной Зокисрова дасту дил шустаанд ва ҳама умеди онҳо ба Вазорати корҳои дохилӣ аст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 19-уми апрел эълон кард, ҳар касе ки ду кӯдаки гумшударо баргардонад, ба ҷавобгарии ҷиноӣ озод хоҳад шуд. Вазорат бо нашри эълоне дар торнамои худ гуфтааст, шахсе, ки Сабина Аралова ва Малика Араловаро “аз нофаҳмӣ, аз рӯи хусумат ва ё кадом эҳсоси дигар рабудааст ё пинҳон кардааст, агар ихтиёран онҳоро ҷавоб диҳад, ё ба соҳибонашон, ё ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргардонад" ба додгоҳ кашида нахоҳад шуд. Сабинаи панҷсола ва Маликаи чаҳорунимсола рӯзи 25-уми март аз назди хонаашон дар шаҳри Душанбе ғайб заданд ва ҷустуҷӯи онҳо то кунун натиҷае надодааст. Ҳафтаи гузашта вазири умури дохилӣ волидони ғамзадаи ҳарду тифлро ба ҳузур пазируфта ва ваъда додааст, ки барои пайдо кардани нишони кӯдакон ҳама корро хоҳанд кард. Вазорат аз ҷумла барои хабари арзишманде, ки барои пайдо кардани кӯдакон кӯмак кунад, подоши молӣ ваъда кардааст.
XS
SM
MD
LG