Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дума созишнома бо Тоҷикистонро баррасӣ мекунад


Сергей Наришкин, раиси Думаи Давлатӣ, палатаи поёнии порлумони Русия эълом кард, ки вакилони мардумии ин кишвар рӯзи ҷумъа масъалаи тасвиби созишнома дар бораи шароити ҳузури пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард. Ӯ рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт: “Масъалаи тасвиби ду созишнома баррасӣ мешавад, созишномаҳо дар бораи шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Тасвиби ҳарду созишнома имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои низомӣ ва сиёсӣ миёни кишварҳои мо ба таври чашмгир тақвият ёбанд. Ин ҳам як рӯйдоди муҳим дар чаҳорчӯби Паймони Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ хоҳад буд.” Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Душанбе моҳи октябри соли 2012 ба имзо расид ва бар асоси он бояд ойгоҳи мазкур то соли 2042 дар Тоҷикистон бимонад. Ба далели ихтилофоти назар миёни тарафҳо, созишномаи мазкур то кунун барои тасвиб ба порлумони Тоҷикистон нарасидааст.
XS
SM
MD
LG