Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алайҳи Навалний парвандаи нав боз карданд


Мақомоти интизомии Русия алайҳи Алексей Навалний, алайҳи блогнависи мухолифи давлат ва бародари ӯ Олег парвандаи нави ҷиноӣ боз кардаанд. Кумитаи тафтишотии Русия эълон кард, ки ду бародар соли 2008 як ширкатеро “мойил” кардаанд, ки бо ширкати онҳо қасдан “қарордоди зиёноваре” бубандад”, ки дар натиҷа онҳо 120 ҳазор доллар зарар дидаанд. Як рӯз пеш аз ин муҳокимаи кӯтоҳи Алексей Навалний дар додгоҳро барои дуздии моликияти ғайр ба рӯзи 24 апрел ба таъхир гузоштанд. Бар асоси ин парванда, блогнависи шинохтаи русро барои дуздии 510 ҳазор доллар аз як ширкати шаҳри Киров муттаҳам мекунанд, ки Навалний дар ҳукумати он кор мекард. Аммо Алексей Навалний мегӯяд, ки ҳамаи ин қазияҳо ангезаи сиёсӣ доранд ва мақомот мехоҳанд, аз ин роҳ ӯро хомӯш кунанд. Алексей Навалний, ки пайваста Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро танқид мекунад, аз пешвоёни тазоҳуроте буд, ки соли гузашта баъди пирӯзии Путин дар интихобот Русияро ба ларза даровард.
XS
SM
MD
LG